Ҳамлаи тӯфони “Ирма” ба кохҳои Трамп + АКС
Тӯфони машҳури “Ирма” камар ба нобудии амлок ва дороиҳои сарватмандон ва биҳиштҳои заминии миллиардерҳо бастааст, ки яке аз ин миллиардерҳо ҳам Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аст.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал-Олам”, тӯфони шадиди “Ирма”, ки суръати он гоҳ ба 290 километр дар соат мерасад, 95 дарсад аз таъсисоти ҷазираи Сент-Мартин ва зерсохтҳои ин ҷазираи баҳри Карибро вайрон кардааст.
Чанд меҳмонхонаи панҷситора, теъдоде аз муҷтамаи тафреҳӣ ва қасрҳои бузург ва муҷаллал ҳам дар ин тӯфон вайрон шудаанд, ки яке аз амлок қасри Трамп, машҳур ба “Қасри Нахлистон” дар ҷазираи Сент-Мартин” аст.

“Қасри Нахлистон” соли гузашта ба маблағи 20 миллион доллар ба фурӯш гузошта шуда буд.
Як қасри дигари Трамп дар Палм-Бичи Флорида ба номи “Мор-а-Лаго” низ, ки соли 1927 сохта шуда ва 10 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад, дар масири тӯфони “Ирма” қарор гирифта ва беш аз ҳар сохтмони дигаре дар маърази тахриб аст.
Тӯфони “Ирма” рӯзи якшанбе ба Флорида мерасад ва дуруст аз болои амлоки Трамп дар Палм-Бич хоҳад гузашт.
