Сентябр 10, 2017 16:30 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии раисиҷумҳури Тоҷикистон аз талоши тоҷикон дар пешрафти ин кишвар

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, мардуми Тоҷикистон барои ҳифзи давлати навини тоҷикон, пешрафт ва ободии сарзамини муқаддаси аҷдодӣ, эҳё ва гиромӣ дошти арзишҳо ва суннатҳои миллӣ мушорикати бесобиқае аз худ ба ҷой гузоштаанд.

Ба гузориши ИРНА, Эмомалӣ Раҳмон шомгоҳи гузашта дар маросими вижаи ҷашни 26-мин солгарди истиқлоли ин кишвар афзуд, бисёр муҳим аст, ки ҳар шаҳрванди тоҷикистонӣ арзиши озодӣ ва соҳибихтиёрӣ ва давлати миллиро амиқан дарк ва аз шароите, ки таърих барои мо фароҳам овардааст, пурсамар истифода кунад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба пешрафтҳои ин кишвар дар 26 соли гузашта ишора ва таъкид кард, ки кишвараш бо таваҷҷуҳ ба вазъи минтақа ва мавқеияти роҳбурдиаш дар чаҳорсӯи бархӯрди манофеи қудратҳо қарор гирифтааст.

26 сол пеш рӯзи нӯҳуми сентябри 1991 дар нишасти фавқулодаи Шӯрои олии ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон, эъломияи истиқлоли ин кишвар тасвиб шуд.

 

Барчасп