Ҳасодати кӯдаконаи Трамп ба амири Кувайт
Пас аз сафари амири Кувайт ба Вашингтон, раиси ҷумҳурии Амрико бевақфа ба ин ки ҳавопаймои шахсии ӯ кӯчактар аз ҳавопаймои Сабоҳ ал-Ҳамд ал-Ҷобир ас-Сабоҳ аст, эътироз мекунад.
Ба гузориши шабакаи хабарии “Ал-Олам”, ҳафтаномаи “Нюзвик” навишт, Доналд Трамп,раиси ҷумҳурии ҷанҷолии Амрико нороҳат аст, ки чаро ҳавопаймои ӯ аз ҳавопаймои амири Кувайт кӯчактар аст.
Бар асоси гузориши ин ҳафтаномаи амрикоӣ, ин масъала нишондиҳандаи он аст, ки раиси ҷумҳурии Амрико ба сурати аҷибу ғарибе фикру зикраш даргири андозаҳо ва абъод аст.
Сабоҳ ал-Ҳамд, амири Кувайт аз рӯзи панҷшанбеи гузашта барои гуфтугӯ бо Доналд Трамп дар Вашингтон ба сар мебарад.
Ҳавопаймои шахсии Трамп аз навъи Боинги 757 аст, ки тӯли он ҳудуди 25 метр кӯтоҳтар аз ҳавопаймои амири Кувайт аст.