Август 14, 2016 18:37 Asia/Dushanbe
  • Зарурати ташкили кумитаи таҳқиқ дар бораи ҷиноёти Арабистон дар Яман

Созмонҳои ҷомеаи мадании Яман бар ташкили кумитаи таҳқиқ дар бораи ҷиноёти Арабистон дар Яман таъкид карданд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи шабакаи хабарии ямании "Алмасира", созмонҳои ҷомеаи мадании Яман, ташкили кумитаи байналмилалии мустақил ва бетарафро барои таҳқиқ дар бораи ҷиноёт ва мавориди нақзи ҳуқуқи башар тавассути Арабистон ва ҳамроҳонаш дар Яман ва таҳвили муртакибони он ба додгоҳи байналмилалӣ барои муҷозот хостор шуданд.

Созмонҳои ҷомеаи мадании Яман аз созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ дар садри онон Дидабони ҳуқуқи башар, Созмони афви байналмилал ва Созмони пизишкони бидуни марз ба унвони шоҳидони айнии куштори ваҳшиёнаи мардуми Яман тавассути Арабистон хостанд бо ташкили кумитаи байналмилалӣ, таҳқиқ дар бораи ҷиноёт ва мавориди нақзи ҳуқуқи башарро оғоз кунанд.

Созмонҳои ҷомеаи мадании Яман эълом карданд, куштори мардуми Яман тавассути Арабистон ва исрори он бар идомаи куштори кӯдакон ва занон, ношӣ аз адами адолати байналмилалӣ аст, ки ин амр худ мушаввиқи мутаҷовизон аст.

Созмонҳои ҷомеаи мадании Яман ҳамчунин бо судури баёнияе ҳамлаи ҳавоии Арабистон ба мадрасаи Ҷамоаи Таҳфизи Қуръони карим дар минтақаи Ҳайдони устони Саъдаи Яманро маҳкум карданд, ки дастикам 13 кӯдак кушта ва 18 нафар захмӣ шуданд.

Шӯрои ҳамбастагии қабилаии Яман ҳам дар баёнияе бо маҳкум кардани куштори ваҳшиёнаи донишомӯзони қуръонӣ дар минтақаи Ҳайдон ба унвони ҷинояти ҷангии бесобиқа таъкид кард, хуни поки яманӣ ба суръат бахшидани фароянди суқути Оли Сауд мунҷар мешавад.

 

Барчасп