Сентябр 12, 2017 17:20 Asia/Dushanbe
  • Оғози нахустин давраи омӯзиши забони форсӣ дар Венесуэла

Нахустин давраи фишурдаи омӯзиши забони форсӣ бо ҳузури алоқамандони ин забон дар Каракас, пойтахти Венесуэла оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, ширкаткунандагони нахустин давраи омӯзиши забони форсӣ аз ақшори мухталифе монанди пизишкон, ҳунармандон, кормандони ҳукумат ва донишҷӯёни Венесуэла ҳастанд. 40 нафар аз алоқмандони забони форсӣ бо гузарондани ҳафт давраи омӯзишӣ ин забонро меомӯзанд. Бар асоси ин гузориш, чанд донишҷӯи давраи омӯзишии забони форсӣ иброз умедворӣ кардаанд, ки пас аз гузарондани муваффақи ин давра метавонанд бо забони форсӣ, бо таъриху фарҳанги Эронзамин ошно шаванд.

Вазорати умури хориҷии Венесуэла низ дар оини кушоиши ин давраи омӯзишӣ аз донишҷӯёни забони форсӣ хост, ҳарчи бештар аз забону фарҳанги Эронзамин баҳра баранд.

 

Барчасп