Сентябр 13, 2017 15:26 Asia/Dushanbe
  • Мақоми нахусти намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқоти варзишии сафоратхонаҳо дар Теҳрон

Аҳё Давлатов- атташеи иқтисодии сафорати Точикистон дарТеҳрон, дар мусобиқоти тенниси рӯйи мизи коркунони сафоратхонаҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Теҳрон қаҳрамон шуд.

Ба гузориши сойти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, дар ин мусобиқот, ки бо рақобати 17 нафар аз коркунони сафоратхонаҳои кишварҳои узви созмони ЭКО баргузор шуд, Аҳё Давлатов ба унвони намояндаи сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, бо ғалаба бар ҳарифони худ, нишони қаҳрамониро касб кард.

Ин мусобиқоти варзишӣ дар муҷтамаи фарҳангӣ-варзишии шаҳид Чамрони шаҳри Теҳрон баргузор шуд.

 

Барчасп