Сентябр 16, 2017 10:08 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори гуруснагон дар ҷаҳон

Созмони ғизо ва кишоварзии Милали Муттаҳид (ФАО) ҳушдор дод, ки шумори гуруснагон дар ҷаҳон ба 815 миллион нафар расидааст.

Ба гузориши ИРНА, созмони ФАО рӯзи ҷумъа дар гузорише муштарак бо Сандуқи Байналмилалии Тавсеаи Кишоварзӣ ва Барномаи Ҷаҳонии Ғизо эълом кард, гуруснагӣ дар ҷаҳон пас аз ин ки беш аз 10 сол ба таври пайваста коҳиш ёфта буд, дар соли 2016 бори дигар рӯ ба афзоиш ниҳод.

Бар асоси ин гузориш 815 миллион нафар, муодили 11 дарсад аз ҷамъияти ҷаҳон аз гуруснагӣ ва норасоии ғизо ранҷ мебаранд ва дар соли 2016, 38 миллион нафар ба шумори онҳо афзуда шуд, ки ағлаб бар асари ҷанг ва тағйироти ногаҳонии обу ҳавоӣ аст.

Бар асоси ин гузориш, ҳамчунин ҳудуди 155 миллион кӯдак бо синни камтар аз 5 сол дучори норасоии ғизо ҳастанд.

Гузориши ФАО нахустин арзёбии СММ дар хусуси амнияти ғизоӣ пас аз дастури кори тавсеаи пойдор то соли 2030 аст.

Барномае, ки ҳадафи он поён додан ба анвои гуруснагӣ то соли 2030, ба унвони авлавияти сиёсии байналмилалӣ эълом шудааст.

 

Барчасп