Хабарнигори англис туъмаи тимсоҳ шуд
Сентябр 16, 2017 09:22 Asia/Dushanbe
Павел Маклейн, хабарнигорт “Файнешнл Таймс”-и Лондон дар як ҳодисаи ғамангез туъмаи кракодил (тимсоҳ) шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, хабарнигори “Файнешнл Таймс”-и Англия, ки соли 2015 ба кор қабул шуда буд ва дар Шриланка ба сар мебурд, баъд аз афтодан ба доми як кракодил ба зери об кашида шуд ва ҷонашро аз даст дод.
Ин хабарнигори 24- сола охирин бор замоне дида шуд, ки дастонашро барои дархости кӯмак дар ҳаво такон медод.
Ин иттифоқ дар кӯли мавсум ба “Рок Кракодил” рӯй дод, ки бузургтарин минтақаи зисти кракодилҳо дар Шриланка маҳсуб мешавад.
Гуфта мешавад, ин иттифоқи ҳавлнок замоне рух дод, ки вай қасд дошт дастоҳояшро бишӯяд.