Сентябр 16, 2017 14:33 Asia/Dushanbe
  •  Интиқоди раҳбари маънавии буддоиёни Тибет аз ҷиноёти давлати Миёнмор

Раҳбари маънавии буддоиёни Тибет ҷиноёти давлати Миёнмор дар наслкушии мусалмонони Руҳингиё, дар вилояти Рохинро нақзи ҳуқуқи башар ва қонунҳои байналмилалӣ хонд.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Далай - Лама дар мусоҳиба бо хабарнигорон, зимни маҳкум кардани ҳамалоти артиши Миёнмор ва буддоиёни ифротӣ дар куштори мусалмонони ақаллияти Руҳингиё, ин ҷиноёти давлати Миёнморро ғамангез донист.

Куштори мусалмонони Руҳингиё аз сӯйи давлат ва буддоиёни ифротии Миёнмор бо мавҷе аз хашму эътироз дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон рӯбарӯ шудааст.

 Бино бар эъломи СММ аз 25-уми август то кунун ҳудуди 400 ҳазор нафар мусалмонони руҳингиёӣ аз бими ҷони худ ба Бангладеш фирор кардаанд.

 Ин хушунатҳо ҳамчунин беш аз шаш ҳазор кушта ва ҳашт ҳазор нафар захмӣ барҷой гузоштааст.