Эътирози Покистон ба ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико
(last modified Sun, 17 Sep 2017 06:13:26 GMT )
Сентябр 17, 2017 11:13 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Покистон ба ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико

Ҳамлаи паҳподҳои амрикоӣ ба манотиқи қабоилии Покистон бо эътирози шадиди Исломобод рӯбарӯ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, Вазорати умури хориҷаи Покистон бо маҳкум кардани ин ҳамалот, онро хадша ворид кардан ба тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии ин кишвар донисти, эълом кардааст, ин гуна иқдомот дар шароити кунунӣ метавонад муҷиби афзоиши душманӣ, беэътимодӣ ва амиқтар шудани мушкилот миёни Исломобод ва Вашингтон шавад.

Ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико рӯзи ҷумъа минтақаи қабоилие дар наздикии Пешоварро омоҷи ҳамалоти худ қарор доданд, ки дар натиҷаи ин ҳамла се нафар кушта ва ду нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Ин нахустин ҳамлаи Амрико ба манотиқи қабоилии шимоли ғарби Покистон пас аз роҳбурди ҷадиди раиси ҷумҳурии Амрико дар хусуси Афғонистон маҳсуб мешавад.

Трамп бо муттаҳам кардани Покистон ба ҳимоят аз терроризм ва табдил шудан ба лонаи гурӯҳҳои ифротӣ таҳдид кард, кӯмакҳои молӣ ва низомӣ ба Исломободро мутаваққиф хоҳад кард.

Дар солҳои гузашта низ ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико борҳо иқдом ба бомбаборони ҳавоии манотиқи қабоилии Покистон карда буд, ки дар пайи он ғайринизомиёни зиёде ҷони худро аз даст доданд ва ин амр хашми мардуми ин кишварро барангехта буд.