Нигарониҳо дар бораи таъсири буҳрони Руҳингиё бар навзодони тоза ба дунёомада
(last modified Sun, 17 Sep 2017 08:55:02 GMT )
Сентябр 17, 2017 13:55 Asia/Dushanbe
  • Нигарониҳо дар бораи таъсири буҳрони Руҳингиё бар навзодони тоза ба дунёомада

Дар ҳоле, ки дарду ранҷи мардуми Руҳингиё дар Миёнмор сахттар мешавад, нигарониҳои ҷадиде дар бораи кӯдакони тоза мутаваллидшуда вуҷуд дорад.

Ба гузориши рӯзномаи англисии “Гордиян”, тайи понздаҳ рӯзи гузашта дар пайи фирори 400 ҳазор нафар аз мусалмонони Руҳингиё аз хушунатҳо, хонаҳои оташгирифта ва тирандозиҳо дар иёлати Рохин, беш аз 400 навзод дар марзи байни Бангладеш ва Миёнмор ба дунё омадаанд.

 Ҳудуди 80 дарсад аз фирориёни ин фоҷеа зану кӯдак ҳастанд ва ба гуфтаи афсари яке аз урдугоҳҳои паноҳҷӯён, бархе аз ин модарон фарзандони худро дар шароити бисёр буҳроние чун дар дохили қаиқҳо ва урдугоҳҳо ва ... ба дунё овардаанд.

Шароити бад ва бемориҳои мухталиф боис шудааст, ки модарони тоза зоимонкарда ва кӯдакони мутаваллидшудаи зиёде ҷони худро аз даст бидиҳанд.

 Ба гуфтаи шоҳидон, бархе аз модарон фарзандони фавтшудаи худро ё ба об месупоранд ва ё дар дохили ҷангал дафн мекунанд ва онҳо, ки ҷон ба саломат мебаранд ҳам ба сабаби набуди ғизо ва оби кофӣ наметавонанд ба фарзандонашон шир диҳанд.

Антоний Лик, мудири иҷроии Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) гуфт, занону кӯдакон дар ду тарафи марз ба кӯмак ва ҳифозати фаврӣ ниёз доранд.