Нигаронӣ аз мизони худкушии кӯҳнасарбозони амрикоӣ
Вазорати умури кӯҳнасарбозони Амрико омори ҷадиде аз мизони худкушӣ дар миёни кӯҳнасарбозон (низомиёни собиқ)-и ин кишварро эълом кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ин вазоратхона эълом кардааст, аз ҳар 100 ҳазор кӯҳнасарбози амрикоӣ 39 нафар худкушӣ мекунад ва мизони худкушӣ дар миёни ин сарбозон дар муқоиса бо ғайринизомиён 19 дарсад бештар аст.
Бино ба эъломи ин вазоратхона, мизони ин худкушиҳо дар манотиқи ғарбӣ ва рустоии ин кишвар ба маротиб бештар аст.
Ҳарчанд давлати Амрико солона даҳҳо миллиард доллар барои расидагӣ ба анвои ниёзмандиҳои ин афрод ҳазина мекунад, аммо чунин арқоми ҳангуфте низ натавониста ниёзи физояндаи кӯҳнасарбозонро таъмин кунад.
Дар 15 соли гузашта ба иллати ҷангҳои Афғонистон ва Ироқ ва маҷрӯҳияту маълулият теъдоди зиёде аз сарбозони амрикоӣ, Вазорати умури кӯҳнасарбозон ба шиддат таҳти фишор буда ва ин фишорҳо сабаб шудааст то хидматрасонӣ ба кӯҳнасарбозон, ба вижа дар манотиқи дурафтодаи ғарби Амрико ва манотиқи рустоии ин кишвар бо душворӣ мувоҷеҳ шавад. Дар натиҷа афроди ноумед аз дарёфти хадамоти давлатӣ маргро бармегузинанд.
Бар асоси оморҳо, мизони эътиёд ба алкул ва маводи мухаддир ва иртикоби ноҳинҷориҳои иҷтимоӣ дар миёни кӯҳнасарбозони амрикоӣ беш аз ҳадди миёнаи ҷомеа аст ва бисёре аз онон дар ниҳоят ба картонхобӣ рӯй меоранд.