Сентябр 18, 2017 13:05 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти зидди нажодпарастӣ дар Амрико

Шаҳри Сент-Луиси Амрико барои сеюмин рӯзи пайдар пай шоҳиди тазоҳурот дар эътироз ба ҳукми додгоҳ, бар табрааи пулиси қотили як сиёҳпӯст буд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, садҳо тазоҳуркунанда, ки барои сеюмин рӯзи мутаволӣ ба хиёбонҳои Сент-Луис омада буданд, ниҳодина шудани нажодпарастиро дар Амрико ва бавижа дар миёни неруҳои пулис маҳкум карданд.

Тазоҳуркунандагон бо сар додани шиорҳо, иҷро шудани адолатро хостор шуданд.

Судури ҳукми табраа барои маъмури пулиси сафедпӯсте, ки як ҷавони сиёҳпӯстро дар соли 2011 кушт, боиси барпоии тазоҳуроти чанд рӯзи гузашта дар шаҳри Сент-Луис шудааст.

Jason Stockley, маъмури пулиси сафедпуст дар иёлати Миссури дар сол 2011 ҷавони сиёҳпӯст ба номи Anthony Lamar Smith бисту чаҳор соларо бо гулӯла аз пой дар овард, аммо додгоҳ, пулиси қотилро аз муҷозот табраа кардааст.

Бархе расонаҳо ба далели омори болои қатли сиёҳпӯстон ба дасти маъмурони пулис дар иёлати Миссури, ин иёлатро қатлгоҳи сиёҳон меноманд.

 

Барчасп