Зилзилаи Мексика 22 кӯдакро дар мактаб ба коми марг кашонд
Сентябр 20, 2017 18:43 Asia/Dushanbe
Бар асари зилзилаи 7.1 риштерӣ дар Мексика 22 кӯдак дар як мактаб ҷони худро аз даст доданд.
Ба гузориши “Ассошейтед Пресс”, ду нафар аз қурбониёни ин мактаб низ бузургсол ҳастанд.
Ҳамчунин 38 нафар, аз ҷумла 30 кӯдак низ дар ин мактаб зери вайронаву овор мондаанд.
Бар асоси ин гузориш, Энрике Пена Нито, раиси ҷумҳурии Мексика сешанбешаб аз мактабе, ки дар зилзила тахриб шуд, боздид кард.
Бар асари зилзилаи 7.1 риштерии рӯзи сешанбе дар Мексика беш аз 250 нафар аз мардум кушта, садҳо нафар захмӣ ва теъдоде ҳам нопадид шудаанд.
Бо идомаи имдоду наҷот ва оворбардорӣ, шумори куштаҳои ин заминларза дар ҳоли афзоиш аст.