Муқобила бо тасмимоти зиддибарҷомии Трамп дар Ню-Йорк
(last modified 2017-09-21T09:23:31+00:00 )
Сентябр 21, 2017 14:23 Asia/Dushanbe
  • Муқобила бо тасмимоти зиддибарҷомии Трамп дар Ню-Йорк

Нахустин нишасти вазирони умури хориҷаи гурӯҳи 5+1 аз замони рӯйи кор омадани давлати Доналд Трамп дар Амрико баргузор шуд.

Ин нишаст барои нахустин бор фурсате эҷод кард то вазири умури хориҷаи Эрон ва Рекс Тиллерсон, ҳамтои амрикоияш пушти як миз бинишинанд.

Ин мавзӯъ аз ин ҷиҳат дорои аҳамият буд, ки давлати кунунии Амрико аз 9 моҳи пеш борҳо алайҳи тавофуқи ҳастаӣ мавзеъ гирифтаву Доналд Трамп низ дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тавофуқи Барҷомро мояи шармсории Амрико тавсиф кард.

Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо пас аз нишасти вазирони умури хориҷаи гурӯҳи 5+1 дар Ню-Йорк гуфт, ки ҳамагон бар иҷрои комили тааҳҳудоти хеш дар чорчӯби Барҷом мутааҳҳид боқӣ монданд. Вай дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, итминон дорад Амрико аз Барҷом хориҷ нахоҳад шуд. Рекс Тиллерсон низ пас аз ин нишаст муддаӣ шуд, Эрон ба шакли фаннӣ ба Барҷом мутааҳҳид боқӣ мондааст, аммо бархе аз фаъолиятҳои ин кишвар дар ҳавзаи мушакӣ ва таҳаввулоти Ховари Миёна муҷиби нигаронӣ аст.

Гарчӣ вазири умури хориҷаи Амрико барои исботи хатарнок будани фаъолиятҳои дифоӣ -мушакии Эрон ва ҳузури ин кишвар дар мубориза бо такфириҳои ДИИШ дар Сурияву Ироқ санаде ироа накард, бо ин ҳол эътироф ба пойбандии Эрон ҳатто бо маҳдуд кардани он ба пойбандии “фаннӣ”, роҳи аҳдшкании Вашингтонро сахттар хоҳад кард.

Албатта, эътирофи Тиллерсон бо тавваҷуҳ бо ҳафт бор гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ мабнӣ бар пойбандии комили Эрон ба Барҷом, иҷтинобнопазир будааст. Ба хусус ин ки дигар тарафҳои музокира бо Эрон, яъне се кишвари аврупоии Британия, Фаронса ва Олмон ба ҳамроҳи Русия, Чин, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ иҷрои дақиқ ва комили тааҳҳудоти Эронро дар чорчӯби Барҷом таъйид кардаанд.

Бо ин ҳол ҳанӯз тардидҳое дар мавриди мухолифати давлатии Амрико ба хост ва интизори ҷомеаи ҷаҳонӣ барои амал ба тааҳҳудоти Барҷом вуҷуд дорад.

Тиллерсон эълом кардааст, ки Доналд Трамп тасмими ниҳоии худро дар бораи идомаи пойбандии Амрико ба Барҷом ё хориҷ шудан аз он гирифтаву дар ояндаи наздик онро эълом хоҳад кард.

Бархе шавоҳид ҳикоят аз он дорад, ки мумкин аст Трамп то 15-уми октябр пойбанд набудани Эронро ба Барҷом иддао кунад ва мавзӯро бар асоси қонуни мусавваби соли 2015-и конгресс барои тасмимгирӣ дар ихтиёри қонунгузорони амрикоӣ қарор диҳад.

Ин қонун ба конгресс иҷоза медиҳад таҳримҳои ба таъхир даромадаи ҳастаӣ алайҳи Эронро бори дигар ба иҷро гузорад. Иқдоме, ки муҷиби марги Барҷом хоҳад шуд. Албатта аз ҳамакнун садоҳои эътироз ба чунин сенариёе дар Вашингтон шунида мешавад. Ҳафт сенатори амрикоӣ дар номае расмӣ аз давлати Трамп хостаанд, агар санаде аз нақзи фоҳиши тавофуқи Барҷом аз сӯйи Эрон дорад, дар ихтиёри конгресс қарор диҳад.

 Бо тавваҷуҳ ба борҳо эъломи пойбандии фаннии Эрон ба Барҷом аз сӯйи Вазорати хориҷаи Амрико, бисёр дур аз интизор хоҳад буд, ки Кохи Сафед битавонад мадраки қонеъкунандаеро барои иддаои пойбанд набудани Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ, ба конгресс ирсол намояд.