Террористҳо дар саҳнаи Ҳалаб ҳамчунон нокоманд
Ҳалаб, шимоли Сурия ҳамчунон саҳнаи рӯёрӯии артиши ин кишвар бо гурӯҳҳои мусаллаҳ ва террористҳост.
Вазъи ҳалаб нақши муҳиме дар идомаи таҳаввулоти Сурия дорад ва ба ҳамин сабаб ҳомиёни террористҳо дар талошанд, мавзеи ононро дар баробари артиши Сурия бартар ҷилва диҳанд. Аммо воқеият аз муваффақияти нерӯҳои сурӣ дар Ҳалаб ҳикоят дорад. Артиши Сурия рӯзи якшанбе дар идомаи муваффақиятҳои рӯзҳои гузашта ҳамлаи террористҳоро ба меҳвари корхонаи "Симо – Рамоса", ҷануби Ҳалаб хунсо кард. Даргириҳои шадид дар ин меҳвар бо гулӯлаву мӯшакборони артиши Сурия ҳамроҳ буд.
Артиши Сурия рӯзи якшанбе ҳамлаи пайравони гурӯҳи "Ҷайш-ул-фатҳ"-ро ба муҷтамаи "аз-Заҳро"-и Ҳалаб низ дафъ кард. Як манбаи низомии сурӣ ба шабакаи телевизионии "ал-Маёдон"-и Лубнон гуфтааст, ҳамла ба муҷтамаи "аз-Заҳро" шикаст хӯрд ва беш аз 40 кушта дар сафи террористҳо бар ҷой гузошт. Нерӯҳои артиши Сурия як мошини бомбгузоришударо мунҳадим карданд, ки он ба самти мавзеъҳои артиш дар муҷтамаи "аз-Заҳро" дар ҳоли ҳаракат буд. Аммо гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ овозаҳоеро аз оғози амалиёти ҷадид дар чорчӯби тасаллут бар шаҳри Ҳалаб ва таҳаққуқи пешравӣ ба манзалаи нобудии бузургтарин мақарри артиши Сурия дар атрофи Ҳалаб мунташир карданд. Гурӯҳи террористии "Ҷайш-ул-фатҳ" асри якшанбе муддаии тасаллут бар корхонаи семент ва оғози ҳамла ба муҷтамаи "аз-Заҳро" шуд.
Артиши Сурия ҳамчунин бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин чанд мошин ва мавзеи террористҳои такфириро дар шарқи шаҳри Ҳалаб мунҳадим карда, мавозеи дигари террористҳоро дар ҷануб ва ҷанубу ғарби ин шаҳр бо тӯпхонаи сангин ва мӯшак зери оташ гирифт. Ситоди иттилооти ҷанги артиши Сурия рӯзи якшанбе эълом кард, ки артиш дар даргириҳои Ҳалаб аз таҷҳизоту силоҳҳои ҷадид ва пешрафта истифода мекунад. Ҳамзамон бо муваффақияти артиши Сурия дар ҷабҳаи Ҳалаб эътилофи мавсум ба "Сурияи демократӣ" дар идомаи муваффақиятҳо дар баробари ДИИШ дар садади бозпас гирифтани шаҳри ал-Боб аз ишғоли ин гурӯҳи террористист.
Эътилофи нерӯҳои курду араб (эътилофи "Сурияи демократӣ") рӯзи якшанбе эълом кард, баъд аз берун рондани диишиҳо аз шаҳри Манбиҷи вилояти Ҳалаб қасд дорад, шаҳри ал-Боб, дигар шаҳри Сурияро низ аз контроли онон хориҷ кунад. Шаҳри "ал-Боб" дар ҳудуди 50-километрии ҷанубу ғарби Манбиҷ қарор дорад. Шаҳри Манбиҷ дар вилояти Ҳалаб рӯзи ҷумъа, пас аз ду моҳи даргирӣ ба таври комил дар ихтиёри нерӯҳои эътилофи "Сурияи демократӣ" қарор гирифт.
Эътилофи "Сурияи демократӣ", ки соли 2015 ташкил шудааст, эътилофи муташаккил аз нерӯҳои курди Сурия аст, аммо гурӯҳҳои араб низ дар он узвият доранд. Ин эътилоф қабл аз озодсозии шаҳри Манбиҷ ДИИШ-ро аз чанд минтақаву шаҳр, бавижа аз вилояти Ҳасака, шимолу шарқи Сурия берун ронда буд. Ҳамчунин манобеи хабарӣ гузориш доданд, инфиҷори рӯзи якшанбе дар як гузаргоҳи марзии таҳти контроли афроди мусаллаҳи мухолиф дар марзи Сурия ва Туркия ба ҳалокати дастикам 50 нафар аз онон ва захмӣ шудани даҳҳо террорист мунҷар шудааст. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мустақар дар Лондон эълом кард, омили инфиҷор маводи мунфаҷираи ҳамроҳи худро дар дохили як автобусе мунфаҷир кард, ки афроди мусаллаҳро аз Туркия ба дохили Сурия мунтақил мекард. Манобеи хабарӣ гузориш доданд, афроди кушташуда узви гурӯҳҳои мусаллаҳи вобаста ба гурӯҳи террористии мавсум ба "Артиши азоди Сурия" будаанд.