Сентябр 21, 2017 18:22 Asia/Dushanbe
  • Дархости маҷлиси Афғонистон аз Толибон барои поёни ҷанг

Раиси маҷлиси Сенати Афғонистон, поёни ҷанг дар ин кишварро хостор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Фазлҳодии Муслимёр, раиси маҷлиси Сенати Афғонистон, имрӯз дар маросими бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии сулҳ дар Кобул аз Толибон хост, барои гуфтугуи мустақим ва поён додан ба ҷанг, намояндагони худро ба Кобул эъзом кунад.

Муслимёр афзуд, ҷанги 40 солаи Афғонистон идома дорад ва Толибон бояд барои поёни ҷанг ва таъмини амният ва барқарории сулҳу субот дар ин кишвар талош кунад.

Вай гуфт, Афғонистон ба мардуми ин кишвар таъаллуқ дорад, аммо мутаассифона раҳбарони сиёсӣ бо доман задан ба танишҳо ва эҷоди кашмакашҳои сиёсӣ, ваҳдатро фаромӯш кардаанд.

Ин изҳороти Муслимёр дар ҳоле матраҳ мешавад, ки пеш аз ин раиси маҷлиси Сенати Афғонистон ба ҳимоят аз ДИИШ муттаҳам ва муовини ин ниҳод низ ба далели нокоромадӣ хостори барҳам додани маҷлис шуда буд.

Барчасп