Сентябр 23, 2017 15:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия ба коршиканиҳои Амрико дар Сурия

Вазири умури хориҷаи Русия гуфт, Маскав иҷозаи коршиканӣ ба Амрико дар мубориза бо терроризми зиддисурӣ намедиҳад.

Ба гузориши ИРНА, Сергей Лавров дирӯз дар дидор бо Валид ал-Муаллим, вазири умури хориҷаи Сурия дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк афзуд, Маскав ба Вашингтон ва нерӯҳои ҳампаймони Амрико иҷозаи монеътарошӣ дар баробари мубориза бо терроризм дар Сурияро намедиҳад ва ин мавзеъ ҳам фаҳмонида шудааст.

 Лавров ҳамчунин бо ишора ба музокироти муназзами тарафи рус бо Амрико, аз ҷумла мақомҳои вазорати хориҷаву дифои ин кишвар таъкид кард, Маскав мавзеи худро дар мубориза бо терроризм дар Сурия бо сароҳат ба тарафи амрикоӣ эълом кардааст.

Вазири умури хориҷаи Русия тасреҳ кард, ин кишвар иҷозаи эҷоди монеъ дар марҳалаи ниҳоии мубориза бо терроризм ва иқдомотеро, ки аз манотиқи таҳти контроли нерӯҳои Амрико дар Сурия анҷом мегирад, нахоҳад дод.

Бо вуҷуди коршиканиҳои Амрикову Ғарб аз соли 2011, артиши Сурия ба пешравиҳои худ зидди террористҳо идома медиҳад.

 

Барчасп