Сентябр 24, 2017 20:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори сафорати Амрико ба атбои худ дар Ироқ

Сафорати Амрико дар Ироқ дар баёнияе ба атбои худ дар ин кишвар, нисбат ба вуқуи нооромиҳои эҳтимолӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ ҳушдор дод.

Ба нақл аз хабаргузории Ирно, ин сафоратхона дар баёнияе, ки имрӯз мунташир кард, аз атбои амрикоӣ хост, аз сафар ба манотиқи мавриди ихтилофи байни давлати марказӣ ва минтақаи Курдистони Ироқ худдорӣ кунанд .

Шабакаи Сумария-Ниюзи Ироқ низ ба нақл аз як манбаи огоҳ, аз таътилии фурӯдгоҳи байналмилалии Ербил ба муддати се рӯз хабар дод .

Ин баёния дар остонаи баргузории ҳамапурсии мадди назари Масъуди Боризонӣ, раиси иқлими Курдистони Ироқ содир шуда ва дар он дар бораи вуқуи даргирӣ дар манотиқе, ки ҳамапурсӣ дар онҳо баргузор мешавад, ҳушдор дода шудааст .

Қарор аст, ҳамапурсӣ, ки Масъуди Боризонӣ барои он фарохон дода, фардо дар се устони курди шимоли Ироқ ва эҳтимолан манотиқи мавриди ихтилоф дар устонҳои Найнаво, Киркук ва Диёла баргузор шавад .

Аҳолии сокини ин се устон ба шиддат бо барпоии ҳамапурсӣ дар манотиқашон ва пайвастан ба иқлими Курдистони Ироқ мухолифат ва таҳдид ба нооромӣ дар сурати баргузории ҳамапурсӣ дар ин манотиқ кардаанд .

 

Барчасп