Сентябр 24, 2017 20:46 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи мусулмонони Мянмар, бузургтарин буҳрони оворагони ҷаҳон

Комиссари олии Созмони милали муттаҳид дар умури паноҳандагон, ихроҷи густардаи мусулмонони Роҳингия аз Мянмар ба Бангладешро сареътарин ва изтироритарин буҳрони оворагон дар ҷаҳон лақаб дод.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Филиппо Гранди имрӯз дар Бангладеш гуфт, оворагон ба ғизо, об, сарпаноҳ ва муроқибатҳои беҳдоштии муносиб ва дору ниёзи мубрам доранд .

Ӯ тасреҳ кард, мояҳтоҷ ва ниёзмандиҳои беш аз 430 ҳазор нафар, ки дар як моҳи гузашта аз хушунатҳо ва саркуб дар Мянмар фирор кардаанд, бисёр зиёд аст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои инки Бангладеш аз уҳдаи идораи оворагон барояд, мизони кумакҳои молӣ ва тадорукотии худро ба Дакка афзоиш диҳад .

Аз 25 август токунун дар мавҷи ҷадиди ҳамалоти саркубгарона ва таҷовузкоронаи артиши Мянмар алайҳи мусулмонони Роҳингия дар устони Рахин, воқеъ дар ғарби ин кишвар, беш аз шаш ҳазор нафар кушта ва ҳашт ҳазор нафар захмӣ шудаанд.  

Устони Рахин аз соли 2012, саҳнаи ҳамалоти артиши Мянмар ва буддоҳои ифротӣ алайҳи мусулмонони Роҳингия аст .

Як миллион мусулмони Роҳингия аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар Мянмар маҳрӯм ҳастанд .

 

Барчасп