ДИИШ шоҳзода Ҳариро ба ҷанг талабид
(last modified Mon, 25 Sep 2017 10:45:02 GMT )
Сентябр 25, 2017 15:45 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ шоҳзода Ҳариро ба ҷанг талабид

Як террористи сингапурии ДИИШ бо интишори видеое, шоҳзода Ҳари, писари валиаҳди Англияро ба ҷанг талабидааст.

Ба гузориши рӯзномаи “Дейли Мейл”, дар як видео, ки гурӯҳи террористии ДИИШ мунташир кардааст, як террористи сингапурӣ шоҳзода Ҳариро ба забони англисӣ хитоб қарор дода мегӯяд: “Агар воқеан мардӣ, чаро ба ин ҷо намеоӣ ва бо мо намеҷангӣ то мо ту ва чархболи “Апачи”-атро ба ҷаҳаннам бифиристем?”.

Шоҳзода Ҳари, ки писари хурдии Чарлз, шоҳзодаи Англия ва набераи малика Элизабет аст, пеш аз ин дар артиши Англия хидмат карда ва дар Афғонистон маъмуриятҳое бо ҳелекуптерҳои “Апачи” анҷом додааст.

Вай дар моҳи июн чанд рӯз баъд аз ҳамлаи террористии “Лондон бриҷ” дар Англия ба Сингапур рафт ва дар ин сафар дар бораи ин ҳамалоти террористӣ сӯҳбат кард.

 Бинобар эъломи Вазорати кишвари Сингапур, фарде, ки дар ин видео зоҳир шудааст, шаҳрванди ин кишвар аст.

 Ин вазоратхона дар баёнияе эълом кардааст, ки ожонсҳои амниятии Сингапур аз муддатҳо қабл аз ҳузури ин фарди сингапурии 39 -сола ба номи Мегат Шаҳдон Абдуссамад дар Сурия огоҳ шуда ва фаъолиятҳои ӯро зери назар гирифтаанд.