Радди муомилаи пасипардагии Амрико бо Русия дар интихоботи соли 2016
(last modified Tue, 26 Sep 2017 08:24:42 GMT )
Сентябр 26, 2017 13:24 Asia/Dushanbe
  • Радди муомилаи пасипардагии Амрико бо Русия дар интихоботи соли 2016

Роҷер Стоун-мушовири сиёсӣ ва муттаҳиди деринаи раиси ҷумҳури Амрико ҳама иттиҳомоти марбут ба муомилаи пасипардагӣ миёни наздикони Трамп ва Русия дар тӯли интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2016-ро аз беху асос рад кард.

Ба гузориши Райтер, мушовири Доналд Трамп дар изҳорномаи 47 сафҳаӣ пеш аз ҳузур дар нишасти маҳрамона дар кумитаи иттилооти Маҷлиси намояндагони ин кишвар, бо интиқод аз бархе намояндагони демократ гуфт, ҳузур вай дар ин нишаст "як барномаи сиёси" аст.

 Вай аъзои кумитаи иттилооти Маҷлиси намояндагони Амрикоро муттаҳам кард, ки барои эҷоди ҳисси муомилаи пасипардагӣ бо Русия изҳороти нодуруст унвон кардаанд, ки метавон нодурустии онро собит кард.

 Вашингтон, Москваро ба ҳакки номаҳои Ҳизби демократ ва яке аз дастёрони калидии Ҳелари Клинтон-номзади ин ҳизб дар интихоботи раёсат‎ҷуҳурии 2016-и Амрико муттаҳам кардааст.

 Иддаои дахолати Русия дар интихоботи раёсат‎ҷуҳурии Амрико аз масоиле буд, ки дар тӯли муборизоти интихоботии Доналд Трамп ва Ҳелари Клинтон ва ҳамчунин пас аз интихобот ҷанҷолҳои зиёде ба по кардааст.