Изҳорати тунди Эрдуғон алайҳи ҳамапурсии ҷудоӣ дар Курдистони Ироқ
(last modified Wed, 27 Sep 2017 12:19:36 GMT )
Сентябр 27, 2017 17:19 Asia/Dushanbe
  • Изҳорати тунди Эрдуғон алайҳи ҳамапурсии ҷудоӣ дар Курдистони Ироқ

Раисҷумҳури Туркия дар вокуниш ба баргузории ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ тасреҳ кард: Кишвараш иҷозаи интиқоли нафти ин минтақаро аз хоки Туркия намедиҳад.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, бо ғайри қонунӣ хондани баргузории ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ хотирнишон кард: Туркия ин ҳамапурсиро номашруъ медонад ва ба ҳеч ваҷҳ онро ба расмият нахоҳад шинохт. Раисҷумҳури Туркия афзуд, аз назари Анкара, ҳифзи тамомияти арзии Ироқ бисёр муҳим аст .

Эрдуғон дар хусуси иқдомоти танбеҳӣ алайҳи минтақаи Курдистони Ироқ ҳам хотирнишон кард: “Мехоҳем бидонед, Туркия дар сатҳи сиёсӣ, тиҷорӣ ва амниятӣ ҳар иқдоме лозим бошад, иттихоз хоҳад кард. Ҳамин ҳоло ҳам нерӯҳои низомии мо дар марзҳои шимоли Ироқ мустақар ҳастанд. Нерӯи ҳавоии Туркия ҳам дар ҳоли ҳозир дар омодабоши комил аст. Анкара ҳаргиз иҷозаи идомаи содироти нафти минтақаи Курдистони Ироқро аз тариқи арозиаш намедиҳад ва имкони мудохилаи низомӣ низ вуҷуд дорад”.

Изҳороти Эрдуғон дар ҳолест, ки ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ бо вуҷуди мухолифати ҷаҳонӣ ва вокуниши тунди давлати Ироқ, рӯзи душанбе ба исрори  Масъуди Боризонӣ, раиси минтақаи Курдистони Ироқ баргузор шуд. Ин иқдоми Боризонӣ, муҷиби нигаронии ҳамсоягони Ироқ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз натоиҷи бесуботкунандаи ин ҳамапурсӣ дар сатҳи минтақа шудааст .

Туркия дар ин байн, шадидтарин вокунишро аз худ буруз додааст .

Ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ ба унвони як иқдоми якҷониба, таъсире бесуботкунанда бар рӯи давлати Туркия бар ҷо хоҳад гузошт. Давлати Туркия бо доштани беш аз 900 километр марзи муштарак бо манотиқи курднишини Сурия ва Ироқ, нигарони таҳдидҳои густардаи дохилӣ дар манотиқи курднишини худ аст.

Ба вижа онки мушкилоти Туркия дар тӯли соли гузашта, бо поён ёфтани оташбас миёни давлати Туркия ва гурӯҳи П.К.К ва дастгирии намояндагони курди парлумони ин кишвар ба авҷи худ расидааст .

Акнун Туркия бо ин масъала рӯ ба рӯст, ки муваффақияти эҳтимолии мақомоти минтақаи Курдистони Ироқ дар дастёбӣ ба ҷудоӣ аз давлати марказии Ироқ, муҷиби сирояти ин масъала ба ҷудоихоҳони курди ҳозир дар хоки Туркия хоҳад шуд. Ҷудоихоҳон курде, ки бо аз даст додани намояндагони худ дар парлумон ба далели иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи П.К.К, акнун роҳҳои маданиро барои эътирозоти худ ғайримумкин медонанд .

Аз ин рӯ зарурӣ аст, ки давлати Туркия хатароти нуҳуфта дар иқдоми минтақаи Курдистони Ироқро дар назар дошта бошад ва бо дар пеш гирифтани рафторе мантиқӣ, монеъ аз шакл гирифтани ҳаракатҳое ин чунин дар хоки худ шавад .