Сенатори муттаҳиди Трамп аз сиёсат канор меравад
Сенатор Боб Коркер, аз иёлоти Теннесси, ки аз муттаҳидони Трамп ба ҳисоб меояд, эълом кард, аз сиёсат канорагирӣ мекунад.
Ба нақл аз Associated Press, Боб Коркер, сенатори иёлоти Теннесси бо эъломи бознишастагӣ ва дар натиҷаи номзад нашудан дар интихоботи миёндавраии 26 Сентябри 2018, шикасте дигарро барои Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико рақам зад .
Ин қонунгузори 65 сола дар баёнияе эълом кард, пас аз машварат бо аъзои хонаводааш тасмим гирифт, ба давраи сенаториаш поён диҳад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико Коркерро ташвиқ карда буд, то барои бори сеюм дар интихоботи Конгресс ширкат кунад .
Боб Коркер, ки раёсати Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрикоро бар уҳда дорад, нақши муҳиме дар таҳмили таҳримҳо ба Русияву Эрон ифо карда ва пеш аз рӯи кор омадани Рекс Тиллерсон, гузинаи Вазорати хориҷаи Амрико дар давлати Трамп хонда мешуд .