Видои ғамангез бо кӯдакони руҳингиёии ғарқ шуда (акс)
Маросими ҷанозаи 20 мусулмони руҳингиёии ғарқ шуда дар дарё, ки бештари онон кӯдак буданд, дар урдугоҳи оворагони Коксбозори Бангладеш баргузор шуд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Интихоб”, Созмони Милали Муттаҳид эълом карда, ки шумори қурбониёни вожгуни қаиқи оворагони Руҳингиё ба 60 нафар афзоиш ёфтааст.
Ин қаиқ ҳомили беш аз 100 мусулмонон Руҳингиё буда, ки пас аз фирор аз даргириҳои устони Рохин, қасди фирор ба Бангладешро доштанд.
Қаиқи ҳомили оворагон нимашаби панҷшанбе бар асари борону тӯфон ва амвоҷи пурталотуми дарё ғарқ шуд.
Ҳамзмон бо ғарқ шудани ин қаиқ дар дарё, Ники Ҳейлӣ, сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид барои аввалин бор аз кишварҳои дунё хост, то ба далели хушунати давлати Миёнмор алайҳи мусулмонони Руҳингиё, ирсоли аслиҳа ба ин кишварро мутаваққиф кунанд.
Бо ин ҳол, Ҳейлӣ аз тамдиди таҳримҳое, ки дар давлати Обама алайҳи Миёнмор эъмол шуда буд, ҳарфе назад.
Аз 25 августи гузашта, то кунун беш аз 400 ҳазор мусулмони Руҳингиё барои фирор аз хушунати неруҳои амниятӣ ва буддоиёни ифротии Миёнмор аз ин кишвар гурехтаанд.