Октябр 03, 2017 13:24 Asia/Dushanbe
  • Буҳту андуҳи Созмони милал аз вазъи роҳингияиҳо дар устони Рахини Мянмар

Созмони милали муттаҳид ранҷи воридшуда бар мусулмонони роҳингияӣ дар устони Рахини Мянмарро фаротар аз ҳадди тасаввур тавсиф кард.

Созмони милали муттаҳид пас аз боздиди як рӯзаи се нафар аз нозиронаш аз манотиқи Маундав ва Ратедун дар устони Рахини Мянмар, аз давлати ин кишвар хост, ба чархаи хушунат алайҳи мусулмонони роҳингияӣ поён диҳад .

Ин созмон ҳамчунин аз давлати Мянмар хост, имконоти бештаре барои мусулмонон дар Рахин фароҳам кунад.  

Ҳайъате аз Иттиҳодияи Аврупо, ки ба нозирони Созмони милал дар ин сафари як рӯза мулҳақ шуданд ҳам дар баёнияе эълом карданд, ба иллати шароити мавҷуд қодир ба анҷоми таҳқиқот нашудаанд .

Намояндагони Иттиҳодияи Аврупо бо ишора ба инки дар ин боздид бо рустоҳое сӯхта ва холӣ аз сакана мувоҷеҳ шудаанд, таъкид карданд: "Хушунатҳо бояд мутаваққиф шавад".

Онҳо ҳамчунин зимни таъкид бар ниёз мубрами мусулмонони роҳингияии сокини устони Рахин ба кумакҳои инсондӯстона, аз давлати Мянмар хостанд, иҷоза диҳад, расонаҳо ба ин манотиқ дастрасӣ дошта бошанд.

Саркуби густардаи мусулмонони роҳингияӣ дар устони Рахин дар ғарби Мянмар тавассути артиши ин кишвар, ки аз 25 августи гузашта шуруъ шудааст, шаш ҳазор кушта, ҳашт ҳазор маҷруҳ ва беш аз ним миллион овора барҷой гузоштааст .

 

Барчасп