Октябр 03, 2017 18:57 Asia/Dushanbe
  • Чад сафорати Амрикоро баст

Раисҷумҳури Чад дар вокуниш ба фармони зиддимуҳоҷиратии ҷадиди раисҷумҳури Амрико дастури таътили сафорати ин кишварро дар Нҷамена, пойтахти Чад содир кард.

Ба гузориши хабаргузории африқоии “ал-Виом”, Идрис Деби Итно, раисҷумҳури Чад рӯзи сешанбе бо интиқод аз фармони зиддимуҳоҷиратии ҷадиди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки вуруди шаҳрвандони бархе кишварҳо, аз ҷумла Чадро ба Амрико мамнӯъ мекунад ва шаҳрвандони ин кишварҳоро террорист мехонад, дастури таътили сафорати Амрикоро дар Нҷамена содир кард. Раисҷумҳури Чад пештар низ дар эътироз ба сиёсати кишварҳои ғарбӣ дар нишасти ахири Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Вашингтон ширкат накард. Идрис Деби Итно борҳо аз Амрико ва дигар қудратҳои ғарбӣ ба далели таҳқири қораи Африқо интиқод кардааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 25-уми сентябр бо судури фармони зиддимуҳоҷиратии ҷадид шаҳрвандони Кореия Шимолӣ, Чад, Эрон, Либия, Сомалӣ, Сурия, Венесуэла ва Яманро дар сафар ба Амрико бо маҳдудиятҳои бештаре нисбат ба қабл мувоҷеҳ кард.

Ҷумҳурии Чад кишваре бо ҳудуди 10 миллион ҷамъият дар маркази Африқо аст. Масоҳати ин кишвар ҳудуди як миллиону 284 ҳазор километри мураббаъ аст ва яке аз бузургтарин кишварҳои африқоӣ мебошад.