Октябр 05, 2017 22:06 Asia/Dushanbe
  • Дархости кумаки мусулмонони роҳингияӣ аз ҷомеаи байналмилалӣ  

Даҳҳо мусулмони роҳингияии гирифтор дар марзи Мянмар бо Бангладеш, аз ҷомеаи байналмилалӣ хостори кумак шуданд.

Ба нақл аз хабаргузории Анатолия, даҳҳо тан аз мусулмонони роҳингияӣ, ки дар марзи Мянмар ва Бангладеш маҳсур мондаанд, бо интишори видеое иқдоми амалии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои наҷоти худ ва рафъи фаврии мушкили оби ошомиданӣ дар минтақаро хостор шуданд .

Бар асоси гузоришҳо, садҳо хонаводаи рустоии минтақаи Аракан, ки аз ҳамалоти ваҳшиёнаи артиши Мянмар ба сӯи Бангладеш гурехтаанд, ба далели баста будани марз, дар минтақа гир афтодаанд .

Артиши Мянмар 25 августи гузашта, ҳамалоти худ ба минтақаи мусулмоннишини Рахинро оғоз кард .

Дар ин ҳамалот, ҳазорон ғайринизомӣ ҷон бохтанд ва ҳудуди 200 русто тавассути артиш ба оташ кашида шуд .

Шумори мусулмононе, ки аз хушунатҳои артиши Мянмар гурехта ва ба урдугоҳҳо ва иқоматгоҳҳои муваққат дар ҳумаи Кокси бозори Бангладеш паноҳ бурдаанд, ба 509 ҳазор нафар расидааст .

Бар асоси оморҳои эъломшуда аз 25 авгутс токунун, бо оғози мавҷи ҷадиди хушунатҳои бесобиқа дар иёлоти Рахин дар ғарби Мянмар аз сӯи будоҳои ифротӣ ва нерӯҳои артиши Мянмар, беш аз 6 ҳазор нафар аз мусулмонон кушта ва 8 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд .

 

Барчасп