Октябр 06, 2017 19:22 Asia/Dushanbe
  • Идомаи куштори мусулмонони Руҳингиё дар Миёнмор

Манобеи хабарӣ аз идомаи куштори мусулмонони Руҳингиё дар Миёнмор хабар додаанд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Ал Олам”, артиш ва буддоиёни ифротӣ дар Миёнмор, ба куштори мусулмонони Руҳингиё дар ин кишвар идома медиҳанд ва раванди оворагии мусулмонон ва фирори онон ба самти Бангладеш, ҳамчунон омори рӯ ба рушде дорад.

Дар ҳамин ҳол созмонҳои маҳаллӣ дар Бангладеш аз густариши анвои бемориҳо, бавижа сӯитағзия дар миёни занон ва кӯдакони овораи руҳингиёӣ хабар медиҳанд.

Мақомоти Бангладеш эълом карданд, барои паноҳ додан ба беш аз ҳаштсад ҳазор овораи руҳингиёӣ , яке аз бузургтарин марокизи истиқрори оворагонро бино хоҳанд кард.

Хабари дигаре ҳокист, як мақоми аршади Созмони Милал ҳам имрӯз (ҷумъа) эълом кард, ҷараёни вуруди оворагони мусулмони руҳингиёӣ аз Миёнмор ба Бангладеш ҳанӯз мутаваққиф нашудааст ва садҳо ҳазор оворае, ки ҳанӯз дар Миёнмор боқӣ мондаанд, ҳамчунон қасд доранд аз ин кишвар фирор кунанд.

Созмони Милал дар айни ҳол дар вокуниш ба вазъияти бади мусулмонони Руҳингиё, дастрас набудан ба иёлати мусулмоннишини Рохин дар Миёнморро ғайриқобили қабул хонд.

Саркӯби густурдаи мусулмонони Руҳингиё дар устони Рохин, дар ғарби Миёнмор тавассути артиши ин кишвар, ки аз 25 августи гузашта шурӯъ шудааст, шаш ҳазор кушта, ҳашт ҳазор маҷрӯҳ шуданд.