Фурӯши сомонаи мушакии “Тодд”-и Амрико ба Арабистон
(last modified Sat, 07 Oct 2017 13:18:31 GMT )
Октябр 07, 2017 18:18 Asia/Dushanbe
  • Фурӯши сомонаи мушакии “Тодд”-и Амрико ба Арабистон

Вазорати хориҷаи Амрико фурӯши сомонаи мушакии «Тодд»-ро ба Арабистони Саудӣ таъйид кард.

Ба гузориши хабаргузории “Фаронса”, вазорати хориҷаи Амрико дар баёнияе эълом кард, давлати ин кишвар сомонаи мушакии «Тодд»-ро ба арзиши 15 миллиард доллар ба Арабистони Саудӣ фурӯхтааст.

Вазорати хориҷаи Амрико дар баёнияи худ муддаӣ шудааст, фурӯши сомонаи мушакии «Тодд» ба Арабистон дар чорчӯби амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Амрико аст ва ин кишвар аз амнияти баландмуддати Арабистони Саудӣ ва минтақаи Халиҷи Форс, дар рӯёрӯӣ бо таҳдидҳои минтақаӣ ҳимоят мекунад.

Амрико дар ҳоле ба баҳонаи тазмини амнияти худ ва Арабистон, сомонаи мушакии «Тодд»-ро ба ин кишвар фурӯхта, ки асосан Арабистон муштарии собити силоҳҳои амрикоӣ аст.

Сарозер шудани долларҳои нафтии Саудӣ ба Амрико, хости Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар барои иштиғоли ҷавонони амрикоӣ аст.

Сиёсати Амрико дар минтақа ва ҳимоят аз кишваре, ки ҳомии терроризм аст, ба густариши ноамнӣ дар минтақаи Ховари Миёна мунҷар шуда ва муқобила бо таҳдидҳои минтақаӣ аз сӯи Амрико ва Арабистон танҳо як иддао аст.