Фавти вазири беҳдошти Тунис дар ҷарёни як иқдоми инсондӯстона
(last modified Mon, 09 Oct 2017 13:32:58 GMT )
Октябр 09, 2017 18:32 Asia/Dushanbe
  • Фавти вазири беҳдошти Тунис дар ҷарёни як иқдоми инсондӯстона

Вазири беҳдошти Тунис ба иллати сактаи қалбӣ, ҳангоми мушорикат дар кампини мубориза бо саратон даргузашт.

Ба нақл аз хабаргузории Ирно, Салим Шокири 56 солаи тунисӣ дар як мусобиқаи хайрияи дави марафон, барои кумак ба мубориза бо саратон ширкат карда буд, ки бар асари ҳамлаи қалбӣ ҷони худро аз даст дод .

Вай пас аз таи масофате дучори ҳамлаи қалбӣ шуд ва пас аз интиқол ба як бемористони низомӣ дар Тунис (пойтахти ин кишвар) даргузашт .

Салим Шокир дар ибтидои ин марафон, ки дар шаҳри соҳилии Нобил ва бо ҳадафи ҷамъоварии пул барои сохти як бемористон барои кӯдакони саратонӣ баргузор шуд, суханронӣ карда буд .

Ин иттифоқ бо вокуниши густардае дар расонаҳои дохилии Тунис ва аз тарафи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст .

Юсуф Алшоҳид, нахуствазири Тунис дар мавриди вай гуфт: Дӯст, ҳамкор ва бародареро аз даст додем, ки дар ҳоли анҷоми як кори инсондӯстона даргузашт.

Баъзе расонаҳои Алҷазоир аз вазири беҳдошти ин кишвар ба унвони як фарди ватанпараст ёд кардаанд .

Вай дар ҷарёни тармими кобинаи ахир дар Тунис, ба унвони вазири беҳдошт интихоб шуда ва муддате ҳам вазири варзишу ҷавонон ва низ вазири дороии Тунис буд .