Эрдуғон: Бо Амрико муқобилаи ба мисл мекунем
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24381-Эрдуғон_Бо_Амрико_муқобилаи_ба_мисл_мекунем
Раисҷумҳури Туркия дар вокуниш ба таҳрими раводиди Амрико зидди шаҳрвандони Туркия гуфт, кишвараш бо ин иқдоми Амрико муқобилаи ба мисл мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 10, 2017 13:19 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон: Бо Амрико муқобилаи ба мисл мекунем

Раисҷумҳури Туркия дар вокуниш ба таҳрими раводиди Амрико зидди шаҳрвандони Туркия гуфт, кишвараш бо ин иқдоми Амрико муқобилаи ба мисл мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар сафари расмӣ ба Украина дар Киев аз таҳрими раводиди Амрико зидди шаҳрвандони кишвараш ибрози нохурсандӣ карда гуфт: «Туркия кишвари ҳуқуқмадор аст ва аз ин рӯ, аз Вазорати умури хориҷӣ хостаам, бо Амрико муқобилаи ба мисл кунад».

Равобити Анкара ва Вашингтон пас аз боздошти яке аз кормандони консулгарии Амрико дар Истанбул ба иттиҳоми ҷосусӣ ва иртибот бо гурӯҳи Гулен ва дар пайи он лағви судури раводиди ғайримуҳоҷиратии ду тараф барои шаҳрвандони якдигар дучори таниш шудааст. Метин Топуз, корманди консулгарии Амрико дар Истанбул ҳафтаи гузашта ба иттиҳоми ҷосусӣ ва иртибот бо гурӯҳи Гулен ба дасти пулиси амниятии Туркия боздошт ва равонаи зиндон шуд. Дар ҳамин замина нерӯҳои пулиси Туркия рӯзи душанбе ҳамсару фарзанди корманди сафорати Амрико дар Истанбулро низ боздошт карданд. Ҳукумати Туркия муддаӣ аст, Фатҳуллоҳ Гулен бо ташкили гурӯҳ ва рахна дар сохторҳои додгоҳӣ, низомӣ, омӯзишӣ ва аркони давлатии ин кишвар табаддулоти 15 -уми июли соли 2016-ро тарҳрезӣ кардааст, аммо Гулен ин иддаоро рад мекунад.