Октябр 11, 2017 21:45 Asia/Dushanbe

Тавофуқи ҳастаӣ ва вазъияти пешорӯи он аз меҳварҳои гуфтугӯи раиси Созмони энержии атомии Эрон бо вазири умури хориҷаи Англия дар Лондон буд.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, ин дидор рӯзи чаҳоршанбе пушти дарҳои баста ва дар паи даъвати расмии Борис Ҷонсон, вазири хориҷаи Англия аз Алӣ Акбари Солеҳӣ анҷом шуд .

Вазири умури хориҷаи Англися пас аз ин дидор, тавофуқи ҳастаиро як дастоварди байналмилалӣ донист ва бар ҳимояти қотеи кишвараш аз он таъкид кард .

Ҷонсон пеш аз дидор бо Солеҳӣ низ телефонӣ бо ҳамтои амрикоии худ дар бораи зарурати ҳифзи БАРҶОМ гуфтугӯ кард .

Борис Ҷонсон, вазири хориҷаи Англися пас аз дидор бо Солеҳӣ дар саҳифаи Твиттери худ навишт: Англия талош мекунад, то тавофуқи ҳастаиро ҳифз кунад .