Кремлин: Путин ба Эрон сафар мекунад
Октябр 12, 2017 16:27 Asia/Dushanbe
Кремлин эълом кард, ки раисҷумҳури Русия қасд дорад, дар соли ҷорӣ ба Эрон сафар кунад.
Ба нақл аз хабаргузории РИА Новости, Юрий Ушаков, мушовири Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз тасмими вай барои сафар ба Эрон пеш аз поёни соли 2017 хабар дод .
Ба гуфтаи Ушаков, сафари Путин ба Эрон ба манзури дидори сеҷонибаи миёни мақомҳои Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон анҷом мегирад .
Раисҷумҳури Русия охирин бор дар соли 2015, барои ширкат дар Иҷлоси сарони кишварҳои содиркунандаи гази ҷаҳон ба Эрон сафар карда буд .
Путин дар ин сафар бо раҳбари муаззами инқилоби исломӣ низ дидору гуфтугӯ кард .