Октябр 13, 2017 19:56 Asia/Dushanbe
  • Покистон аз Эрон барқи бештар мехарад

Кумитаи ҳамоҳангии иқтисодии Ҳукумати Покистон аз хариди барқи бештар аз Эрон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Кумитаи ҳамоҳангии иқтисодии Ҳукумати Покистон ба раёсати Шоҳид Хоқон Аббосӣ, нахуствазири ин кишвар рӯзи ҷумъа тарҳи афзоиши хариди барқ аз Эронро ба мизони 100 мегаватт тасвиб кард. Вазорати нафт ва манобеи табиии Покистон маъмури иҷрои ин тарҳ шудааст.

Ҳукумати Покистон пештар тарҳи афзоиши воридоти барқ аз Эронро ба мизони 74 мегаватт дар сентябри соли 2016 тасвиб карда буд ва акнун ин барқ аз тариқи хутути барқии 132-киловолтии байни Эрону Покистон ирсол мешавад. Ҷумҳурии Исломии Эрон барои содироти то се ҳазор мегаватт барқ ба Покистон эъломи омодагӣ кардааст.

Камбуди газу барқ ва боло будани баҳои сӯхту энержӣ дар Покистон мушкили ҷиддӣ барои мардуми ин кишвар ба шумор меравад, ки давлати Исломобод то кунун натавонистааст роҳҳали комиле барои он пайдо кунад.

 

Барчасп