Октябр 14, 2017 10:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти аксари мардуми Амрико аз тавофуқи ҳастаии Эрон

Ҳамзамон бо авҷгирии мавозеи зиддибарҷомӣ дар Кохи Сафед, натиҷаи назарсанҷӣ нишон дод, аксари амрикоиҳо бо мавзеи раиси ҷумҳурии ин кишвар дар бораи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (Барҷом) мухолиф ҳастанд ва аз ин тавофуқ ҳимоят мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, натиҷаи назарсанҷии муассисаи “Югов” нишон дод, 56 дарсади мардуми Амрико бо Барҷом мувофиқ ва фақат 19 дарсади онон мухолиф ҳастанд.

Натоиҷи ин таҳқиқ нишон дод, 68 дарсади демократҳо аз тавофуқи ҳастаӣ ҳимоят мекунанд ва 22 дарсад мегӯянд, назаре дар ин бора надоранд.

51 дарсади ҷумҳурихоҳон низ аз ин тавофуқ ҳимоят кардаанд.

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва Гурӯҳи панҷ ба иловаи як (Британия, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) аз январи соли 2016 ба иҷро даромада, аммо давлати Амрико дар садади барҳам задани он аст.

Ин рӯйкарди Трамп бо мухолифати ҷиддии ҷомеаи байналмилал, аз ҷумла тарафҳои дигари Барҷом ва ҳатто бисёре аз мақомоти амрикоӣ рӯбарӯ шудааст.

 

Барчасп