“София”: Нахустин зани роботи ҳозир дар мақарри СММ
“София”, модернтарин роботи зани инсоннамо дар мақарри Созмони Милали Муттаҳид ҳузур ёфт.
Ба гузориши “Ал-Олам”, София, як роботи зани инсонмонанд аст, ки маросими рӯнамоӣ аз он дар мақарри Созмони Милал дар Ню-Йорк анҷом шудааст.
Ин робот ҳамчунин дар гирдиҳамоие бо унвони “ҳама чиз дар оянда - тавсеа пойдор дар асри тағйироти босуръати технологӣ” ширкат дода шуд.
София эҳтимолан пешрафтатарин роботи инсоннамо аст, ки то ба ҳол сохта шудааст.
Ин робот ба сурати воқеъгароёна тавассути компанияи “Hanson Robotics” тарроҳӣ шуда ва қодир ба таомул бо инсонҳост. Зимни ин ки бо истифода аз дурбин ҷосозишуда дар чашмони худ қодир ба дарк, ёдгирӣ ва иртибот бо муҳит аст.
Ба гузориши Маҷмаи ҷаҳонии иқтисоди байналмилалӣ, то соли 2020 ҳуши маснуӣ ҷойгузини беш аз ҳафт миллион шуғл хоҳад шуд ва дар канори он ду миллион шуғл низ эҷод мекунад.