Октябр 14, 2017 18:00 Asia/Dushanbe
  • 12 кушта дар амалиёти ҳавоии Амрико дар шимоли Афғонистон

Дар ҳамлаи ҳавоии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико дар шимоли Афғонистон, давоздаҳ тан кушта шуданд.

Ба иттилои хабаргузории Синхуа, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико субҳи шанбе минтақаи Гултеппа дар вилояти Қундузро бомбборон карданд, ки дар натиҷа 12 нафар кушта ва шаш нафари дигар низ захмӣ шуданд .

Дар ҳамлаи ду рӯзи пеши ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико ба минтақаи маскунии Чуккӣ дар устони Кунар, шарқи Афғонистон ҳам чаҳордаҳ ғайринизомӣ ҷон бохта буданд .

Бар асоси имзои паймони амниятии Амрико ва Афғонистон, Вашингтон мутааҳҳид шуда буд, ки аз ҳамла ба манотиқи маскунии ин кишвар худдорӣ кунад, аммо на танҳо Вашингтон ба он пойбанд нест, балки ҳокимияти миллии Афғонистонро низ нақз мекунад.

Шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ ва намояндагони Маҷлиси Афғонистон борҳо таҷдиди назари паймони амниятии Кобул-Вашингтонро хостор шудаанд.

Ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико, хашми мардуми Афғонистонро барангехтааст .

 

Барчасп