Октябр 14, 2017 19:22 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ таъминкунандаи аслии силоҳ барои куштори мусулмонони Роҳингия

Узви бунёди Қудс дар Малайзия, манбаи аслии таъмини силоҳ барои куштори мусулмонони роҳингияӣ дар ин кишварро, режими саҳюнистӣ муаррифӣ кард.

Ба гузориши Ирно, Шариф Амин Абу Шамалла бо ишора ба инки режими саҳюнистӣ таъминкунандаи аслии силоҳ барои давлати ифротгарои Мянмар аст гуфт, ки ин режим дар талош аст, то бо ин иқдом барои худ дар соири кишварҳо ва манотиқ машруият касб кунад .

Шариф Амин, наслкушии мусулмонони роҳингияиро бо куштори фаластиниён ҳамсӯ донисту гуфт: Мушобеҳи ончи дар Мянмар воқеъ шудаастро пештар дар солҳои 1948 то 1967, тавассути қотилони саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён шоҳид будаем .

Узви бунёди Қудс дар Малайзия тасреҳ кард: На танҳо давлати Мянмар, ки шахси Аунг Сан Су Чӣ, вазири умури хориҷа ва мушовири олии давлати Мянмар низ бо доштани медали сулҳи Нобел, зимни тайиди хушунатҳо дар ин кишвар, токунун ҳеч иқдоме бо ҳадафи поён додан ба наслкушии мусулмонони Роҳингия анҷом надодааст .

Бар асоси оморҳои эъломшуда, дар натиҷаи ҳамалоти артиши Мянмар ба мусулмонони роҳингияӣ дар устони Рахин, воқеъ дар ғарби ин кишвар, ки аз 25 августи гузашта оғоз шудааст, беш аз шаш ҳазор мусулмони роҳингияӣ кушта, дастикам ҳашт ҳазор нафар захмӣ ва беш аз 500 ҳазор нафар ба Бангладеш фирор кардаанд .