Октябр 15, 2017 20:53 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як узви тими мушовирони Трамп ба иттиҳоми фасоди ахлоқӣ

Яке аз аъзои Комиссияи таҳқиқи тими мушовирони раисҷумҳури Амрико ба иттиҳоми фасоди ахлоқӣ боздошт шуд.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Вашингтон Пост, манобеи давлатии Амрико эълом карданд, Роналд Уилям, аҳли Свитланди иёлоти Мэриленди Амрико ва аз бозрасони Комиссияи мушовирони раёсатҷумҳурии ин кишвар дар бораи инсиҷоми интихоботӣ, ба 11 маврид иттиҳоми фасоди ахлоқии марбут ба нигаҳдорӣ ва тавзеи тасовири мустаҳҷан аз кӯдакон муттаҳам шудааст .

Ба гуфтаи ин манобеъ, полиси иёлоти Мэриленд пас аз бозрасии манзили Уилям, вайро боздошт кард .

Баррасиҳои аввалия нишон дод, дар телефони ҳамроҳи Уилям чандин файл аз тасовири мустаҳҷан аз кӯдакон вуҷуд дорад ва бар ҳамин асос, вай ба маркази сабт барои ҳузур дар додгоҳи аввалия интиқол дода шуд .

Доналд Трамп баъд аз тарҳи иддаоҳое мабнӣ бар инки миллионҳо раъй бо тақаллуб дар сандуқҳо рехта шудааст, то вай дар орои умумӣ ақиб биафтад, Комиссияе ба раёсати Майк Пенс, муовини худ ташкил дод.

 

Барчасп