Боздошти падари хонаводаи муҳоҷир ба иттиҳоми ифротигарии духтари кӯчакаш
Мақомоти Хадамоти амнияти федералии Русия падари як хонаводаи муҳоҷирро дар Ленинград ба иттиҳоми ифротигарии духтари ҳаштсолааш боздошт карданд.
Ба гузориши сайти “Ахбор”, пас аз ин ки овозаҳое дар бораи омода шудани як духтари ҳаштсола аз хонаводаи як коргари муҳоҷири тоҷике, ки ба қавли ин расона аз Узбакистон ба Русия омадааст, барои анҷоми амалиёти интиҳорӣ дар Ленинград мунташир шуд, кормандони Хадамоти амнияти федералии Русия падари ин хонаводаро боздошт карданд ва мавриди бозҷӯӣ қарор доданд.
Мақомоти Хадамоти амнияти федералии Русия пас аз ин иқдом эълом кардаанд, ки овозаи омода шудани духтари ҳаштсолаи ин хонавода барои анҷоми амалиёти интиҳорӣ беасос будааст.
Ба гуфтаи онон, баррасиҳо нишон дод, ки духтари ҳаштсолаи ин хонавода танҳо ба омӯзиши Қуръон машғул будаву талош кардааст кӯдакони ҳамсояро низ ба фарогирии Қуръони Карим ташвиқ кунад.
Ин духтар ҳангоми даъвати кӯдакони ҳамсоя ба омӯзиши Қуръон гуфтааст, ки агар касе ба воҷиботи дини Ислом куфр варзад, дузахӣ хоҳад буд.
Ба назар мерасад, кӯдакони ҳамсоя аз ин суханони духтари ҳаштсолаи тоҷик бардошти нодуруст кардаву волидайни онон низ ба мақомоти амниятӣ хабар додаанд, ки вай худро барои анҷоми амалиёти террористӣ омода мекунад.
Дар бозҷӯӣ аз падари ин хонавода маълум шудааст, ки вай ронандаи таксӣ будаву ба дур аз андешаҳои ифротигарӣ аст ва танҳо ба духтари ҳаштсолааш Қуръон омӯзиш медиҳад.
Ин хонаводаи тоҷик дар рустои Малое Карлино, аз тавобеи вилояти Ленингради Русия зиндагӣ мекунад.
Пеш аз ин нашрияҳои зиёде дар шаҳри Санкт - Петербург аз ҷустуҷӯи як хонавода аз коргарони муҳоҷир хабар додаву муддаӣ буданд, ки духтари ҳаштсолаи ин хонавода худро барои анҷоми амалиёти интиҳорӣ омода мекунад.