Кашфи ҷасади сарконсули Гурҷистон дар Миср
(last modified Mon, 16 Oct 2017 15:09:05 GMT )
Октябр 16, 2017 20:09 Asia/Dushanbe
  • Кашфи ҷасади сарконсули Гурҷистон дар Миср

Манобеи амниятии Миср аз кашфи ҷасади сарконсули Гурҷистон дар маҳалли иқоматаш дар шаҳри Ҷиза дар шимоли Миср хабар доданд.

Ба нақл аз вебгоҳи Мисровӣ, манобеи амниятӣ дар идораи таҳқиқоти полиси шаҳри Ҷиза эълом карданд, нерӯҳои амниятии Миср рӯзи душанбе ҷасади сарконсули Гурҷистонро дар маҳалли иқоматаш дар минтақаи Алдақӣ дар Ҷиза кашф карданд.

Ин манобеъ таъкид карданд, бо вуҷуди баррасии дақиқи вурудиҳо ва хуруҷиҳои маҳалли иқомати сарконсули Гурҷистон дар минтақаи Алдақӣ, нишонаҳое аз ҷиноӣ будани марги вай вуҷуд надорад .

Ҷасади сарконсули Гурҷистон дар Миср ҷиҳати таъини иллати марг ба пизишкии қонунӣ интиқол дода шуд ва таҳқиқоти додситонӣ низ дар ин бора оғоз шудааст .