Октябр 17, 2017 12:16 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди аҷиби Арабистон ба Русия дар бораи Сурия ва Эрон

Пас аз гузашти 10 рӯз аз сафари шоҳи Арабистон ба Маскав ва дидораш бо Владимир Путин, манобеи наздик ба сафорати Русия дар Димишқ пешниҳоди аҷиби Малик Салмонро ба Путин дар бораи Сурия ва Эрон фош карданд.

Рӯзномаи “ал-Қудс-ул-арабӣ” ба нақл аз ин манобеъ менависад, Малик Салмон ба Путин гуфтааст, мушкиле дар мондани Башор Асад ба унвони раисҷумҳури Сурия дар давраи интиқолӣ ва ҳатто пас аз он надорад, балки танҳо мушкилаш равобити наздик миёни Димишқ ва Эрон аст. Манобеи дохили сафорати Русия дар Димишқ афзуданд, Малик Салмон ҳамчунин эъломи омодагӣ кардааст, ки барои бақои Башор Асад дар Сурия кумаки сиёсӣ кунад ва дар муқобил низ Маскав барои коҳиши сатҳи равобит миёни Теҳрону Димишқ, то ҷое ки аз нуфузи Эрон дар Сурия ва Лубнон коста шавад, бикӯшад. Бинобар ин гузориш, раисҷумҳури Русия дар посух ба пешниҳоди Малик Салмон дар бораи равобити Теҳрону Димишқ мавзеи комилан битараф гирифта гуфтааст, ки ҳаргиз наметавонд Башор Асадро ба дур шудан аз Эрон водор кунад, ё барои коҳиши равобит бо Димишқ ба Теҳрон фишор биёрад. Раисҷумҳури Русия бо баёни ин ки дархости подшоҳи Арабистон аз авлавиятҳои Маскав нест, таъкид кардааст, Русия ҳаргиз худро вориди ин масъала нахоҳад кард.