Октябр 18, 2017 12:10 Asia/Dushanbe
  • Могерини: Барҷом пирӯзии ҷаҳон ва мардуми Эрон аст

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бори дигар бар аҳамияти Барҷом ва лузуми ҳифзи он таъкид кард ва гуфт, бо ин тавофуқи байналмилалӣ ҳам ҷаҳон ва ҳам мардуми Эрон пирӯз шуданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Федерико Могерини рӯзи сешанбе дар Олмон тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1-ро тавофуқи “бурд – бурд” баршумурд ва изҳор дошт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба истиноди гузоришҳои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ то кунун ба тамоми тааҳҳудоти худ дар қиболи Барҷом амал кардааст.

 Вай бо баёни ин ки Барҷом мутааллиқ ба ҷомеаи байналмилалӣ аст, гуфт: “Ин тавофуқе нест, ки дуҷониба танзим шуда бошад ва битавон тағйире дар он ворид кард”.

Раисҷумҳури Амрико, Доналд Трамп ҷумъашаби гузашта бидуни таваҷҷуҳ ба ҳашт гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ки дар онон пойбандии Эрон ба Барҷом таъкид шудааст, эълом кард, пойбандии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Барномаи ҷомеи иқдоми муштаракро таъйид нахоҳад кард.

Пас аз ин иқдоми Трамп, ки бо ҳадафи лағви ин тавофуқи байналмилалӣ сурат гирифт, Конгресси Амрико 60 рӯз фурсат хоҳад дошт то дар бораи эъмоли муҷаддади таҳримҳое, ки иҷрои онҳо ба сабаби Барҷом мутаваққиф шудааст, тасмимгирӣ кунад.

Дар сурате, ки конгресс ба бозгашти таҳримҳо раъй диҳад, Амрико аз Барҷом хориҷ хоҳад шуд.

Доналд Трамп ҳамвора Барҷомро тавофуқи ваҳшатнок хонда ва хостори барҳам задани он аст. Тасмиме ки бо интиқоди густурдаи ҷомеаи байналмилал, аз ҷумла тарафҳои дигари Барҷом (Британия, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) ва ҳатто бисёре аз мақомоти амрикоӣ рӯбарӯ шудааст.

 Иттиҳоди Аврупо ҷумъашаб дубора пас аз изҳороти Трамп эълом кард, монанди гузашта аз Барҷом комилан ҳимоят хоҳад кард.

 

Барчасп