Фармони зиддимуҳоҷиратии ҷадиди Трамп ҳам таълиқ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24725-Фармони_зиддимуҳоҷиратии_ҷадиди_Трамп_ҳам_таълиқ_шуд
Як қозии федералӣ дар иёлати Гаваии Амрико фармони зиддимуҳоҷиратии ҷадиди Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ин кишварро ғайриқонунӣ эълом ва аз иҷрои он ҷилавгирӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 18, 2017 09:36 Asia/Dushanbe
  • Фармони зиддимуҳоҷиратии ҷадиди Трамп ҳам таълиқ шуд

Як қозии федералӣ дар иёлати Гаваии Амрико фармони зиддимуҳоҷиратии ҷадиди Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ин кишварро ғайриқонунӣ эълом ва аз иҷрои он ҷилавгирӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, ин иқдоми қозӣ Деррик Уотсон дар ҳоле анҷом шуд, ки танҳо чанд рӯз ба оғози иҷрои фармони ҷадиди Трамп боқӣ монда буд.

Вай изҳор дошт, фармони зиддимуҳоҷиратии Трамп қонунҳои муҳоҷиратии федералии Амрикоро нақз мекунад.

 Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи душанбе, 25-уми сентябр эълом кард, шаҳрвандони кишварҳои Кореяи Шимолӣ, Чад, Эрон, Либия, Сомали, Сурия, Венесуэла ва Яман бо эъмоли маҳдудиятҳо барои сафар ба Амрико рӯбарӯ хоҳанд буд.

Ин фармон пас аз ду фармони зиддимуҳоҷиратии қаблии Трамп содир шуд.

Трамп, ки дар ҷараёни рақобатҳои интихоботӣ ваъда дода буд вуруди мусалмонон ба Амрикоро мамнуъ хоҳад кард, танҳо чанд рӯз пас аз вуруд ба Кохи Сафед (27-уми январ)  бо имзои як фармони зиддимуҳоҷиратӣ вуруди атбои кишварҳои мусалмони Ироқ, Сурия, Эрон, Судон, Либия, Сомали ва Яманро ба хоки Амрико мамнуъ кард.

Ин фармон андаке баъд тавассути Ҷеймз Роборт, қозии федерали шаҳри Сиэтли иёлати Вашингтони Амрико бекор ва Кохи Сафед нусхае ислоҳшуда аз ин фармонро (дар 6-уми март) содир кард.

Нусхаи дувум ҳам ҳарчанд бо мухолифати иёлатҳои Амрико рӯбарӯ шуд, аммо ниҳоятан бо таъйиди Девони олии Амрико амалӣ ва дар таърихи 24-уми сентябр ба охир расид.

Фармонҳои зиддимуҳоҷиратии Трамп эътирозоти ҷаҳониро дар пай дошта ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон тасмимоти раиси ҷумҳурии Амрикоро табъизомез ва хилофи қонунҳои байналмилалӣ донистанд.