Кореяи Шимолӣ Амрикоро ба ҳамлаи ғофилгиркунанда таҳдид кард
(last modified Fri, 20 Oct 2017 13:21:33 GMT )
Октябр 20, 2017 18:21 Asia/Dushanbe
  • Кореяи Шимолӣ Амрикоро ба ҳамлаи ғофилгиркунанда таҳдид кард

Бо оғози размоиши муштараки Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико, ки дар он киштии ҳавопаймобари “USS Ronald Reagan” низ ҳузур дорад, Кореяи Шимолӣ таҳдид кард, ки дар замони ғайри қобили пешбинӣ ҳамлаи ғайри қобили тасаввур ба Амрико хоҳад кард.

Ба гузориши "ПрессТВ”, дар баёнияи Ҳукумати Кореяи Шимолӣ омадааст, Пхенян ҳадафи аввалияи худро киштии ҳавопаймобари ҳастаии Амрико унвон кард, ки дар 160-километрии шарқи шибҳиҷазираи Корея дар ҳоли гаштзанӣ аст.

Размоиши муштараки Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико, ки Пхенян онро таҳрикомез медонад, рӯзи душанбе оғоз шудааст ва то 26-уми октябр идома дорад. Шуморе аз киштиҳои ҳавопаймобар ва киштиҳои ҷангии Амрико ҳамроҳи бомбафканҳои ин кишвар ба шибҳҷазираи Корея ва уқёнуси Ором эъзом шудаанд.