Ҳушдор барои зуҳури насли ҷадиди диишиҳо дар Олмон
Созмони амнияти дохилии Олмон дар хусуси шаклгирии насли ҷадиде аз террористҳои ДИИШ, ки аз Сурия ва Ироқ ба он кишвар бозмегарданд, ҳушдор дод.
Ба гузориши шабакаи хабарии “Аския ниюз”, ин созмон дар баёнияе эълом кардааст, ҳудуди 950 нафар аз Олмон барои пайвастан ба гурӯҳи ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, ки ҳудуди 25 дарсади онҳо зану кӯдак ҳастанд.
Ҳанс Ҷорҷ Масен, мудири Созмони амнияти дохилии Олмон гуфт, интизор меравад, бисёре аз аносири гурӯҳи террористии ДИИШ пас аз шикастҳои пай дар пай дар Сурия ва Ироқ ҳамроҳи кӯдаконашон ба Олмон бозгарданд. Ӯ ҳушдор дод, Олмон бояд омодаи мувоҷеҳ бо хатари густариши ифротгароӣ миёни кӯдакону насли ҷадиде аз террористҳо ҳам бошад.
Қонунгузорони олмонӣ пештар бо афзоиши ҳазинаи дастгоҳҳои амниятӣ ва иттилоотӣ барои муқобила бо таҳдидҳои ҷадид дар Олмон мувофиқат карда буданд.