Октябр 21, 2017 14:29 Asia/Dushanbe
  • Идомаи таҳдидоти телефонии террористӣ дар Русия

Таҳдиди телефонии террористии фарди ношинос дар пойтахт Русия рӯзи ҷумъа сабаби тахлияи Донишгоҳи давлатии Маскав шуд.

Шашуми октябр низ таҳдидҳои телефонии террористӣ боиси тахлияи беш аз 100 ҳазор нафар аз 130 сохтмон дар Маскав шуда буд.

Таҳдидҳои телефонии террористӣ дар Русия, ки аз авоили моҳи сентябр оғоз шудааст, то кунун сабаби тахлияи беш аз 700 ҳазор нафар аз маконҳо ва сохтмонҳои умумии ин кишвар шудааст.

Мақомоти амниятии Русия эълом кардаанд, таҳдидҳои телефонӣ аз хориҷи ин кишвар анҷом мегирад ва аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин таҳдидҳо нақш доранд.

Таҳдидҳои террористӣ дар Русия ба хотири ҳузури низомии ин кишвар дар Сурия аз миёнаҳои соли 2015 аст.

Русия бо истифода аз ягони ҳавофазои худ борҳо мавозеи террористҳои ДИИШ ва Ҷабҳаи Ан-Нусраро бомбаборон ва аз амалиёти заминии низомиёни сурӣ пуштибонӣ кардааст.

 

Барчасп