Октябр 22, 2017 10:07 Asia/Dushanbe
  • Толибон масъулияти ҳамлаи Кобулро ба уҳда гирифт

Толибон масъулияти ҳамлаи инфиҷорӣ ба донишҷӯёни донишкадаи афсарӣ дар ғарби Кобул пойтахти Афғонистонро ба уҳда гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Толибон бо интишори баёнияе эълом кард, микроавтобуси донишҷӯён асри шанбе ҳангоми хуруҷ аз донишкадаи афсарӣ дар ғарби Кобул ҳадафи ҳамлаи як муҳоҷим қарор гирифт, ки бар асари он 15 низомии афғон кушта ва чаҳор тани дигар низ захмӣ шуданд.

Дар панҷ рӯзи гузашта манотиқи мухталифи Афғонистон аз ҷумла Пактиё, Қандаҳор, Ғазнӣ, ғарби Кобул ва Ғур ҳадафи инфиҷорҳои паёпай қарор гирифт, ки дасти кам дусад низомӣ ва ғайринизомии афғон кушта шуданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ ва Толибон масъулияти ин ҳамлаҳоро бар уҳда гирифтаанд.

Пас аз роҳбурди низомии Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дар хусуси эъзоми низомёни ҷадиди Амрико ба Афғонистон ҳамлаҳои ДИИШ ва Толибон ба манотиқи мухталифи ин кишвар афзоиш ёфта ва ноамнӣ низ дар Афғонистон бештар шудааст.

 

Барчасп