Август 17, 2016 14:01 Asia/Dushanbe
  • Ҷинояти дигари ДИИШ дар Сурия бо ҳамлаи химиявӣ

Дар ҳамлаи химиявии гурӯҳи террористии ДИИШ ба манотиқе аз Ҳалаб дар шимоли Сурия, шуморе кушта ва захмӣ шуданд.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, шабакаи дуввуми телевизиони давлатии Русия эълом кард: Рӯзи гузашта пас аз ақабнишинии террористҳои ДИИШ аз бархе манотиқи Ҳалаб, ДИИШ барои мутаваққиф кардани пешравии артиши Сурия дар чанд минтақа аз гази химиявии хардал истифода кард, ки беш аз 20 кушта ва маҷруҳ барҷо гузошт.

Гурӯҳи террористии ДИИШ манотиқи мухталифи шаҳри Мареъ воқеъ дар шимоли устони Ҳалабро бо хумпораҳои ҳовии газҳои саммии хардал ҳадаф қарор додааст.

Бино бар гузориши як анҷумани пизишкии сурӣ-амрикоӣ, гурӯҳи террористии ДИИШ дар даргириҳои Сурия беш аз 160 ҳамлаи химиявӣ бо авомили саммӣ ё хафакунанда ҳамонанди сарин, клер ё хардал анҷом додааст.

Дар ин ҳамалот, ҳудуди ҳазору 500 нафар кушта шудаанд.

 

Барчасп